Дар фурудгоҳи байналмилалии Остона Сарвари давлати моро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев пешвоз гирифт.
Пагоҳ таҳти раёсати раҳбарони ду кишвар нахустин ҷаласаи Шӯрои олии байнидавлатӣ баргузор мешавад.
Дар рафти музокирот масъалаҳои амиқсозии муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ўзбекистон ва Қазоқистон, густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ, энергетика, кишоварзӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Тибқи барнома ҳамчунин ширкат дар Мулоқоти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Муколама дар шакли «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар назар аст.