Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ бо Озарбойҷонро қайд кард

    Ҳукумат 24 Yanvar 2023 3630

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайхун Байрамовро, ки дар маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои СҲИ иштирок дошт, қабул кард.

    Дар оғози суҳбат роҳбари идораи корҳои хориҷии Озарбойҷон ба раҳбари Ӯзбекистон салому орзуҳои самимии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиевро расонд.

    Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону Озарбойҷон баррасӣ шуданд. Ба иҷрои амалии созишномаҳо дар сатҳи олӣ диққати махсус дода шуд.

    Афзоиши таҷорати мутақобила, рафти татбиқи лоиҳаҳои кооператсия оид ба истеҳсоли автомобилҳо, созмон додани кластерҳои пахтаву нассоҷӣ ва кирмакпарварӣ бо қаноатмандӣ қайд гардид.

    Ғайр аз ин, лоиҳаҳои калон дар саноати нефту газ ва химия таҳия карда мешаванд. Фонди муштараки сармоягузорӣ таъсис дода мешавад.

    Масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони давлатҳои туркӣ, Ҷунбиши ҳамроҳ нашудан, Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

    Ҷадвали вохӯриву чорабиниҳои дарпешистода дар сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates