Рӯзномаи ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои сарони давлатҳо, ки таҳти унвони «Бунёди ояндаи устувор тавассути пайвастагии нақлиётӣ ва мубориза бо тағирёбии иқлим» баргузор мешавад, масъалаҳои амиқтар намудани ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва сармоягузориву молиявӣ, инчунин соҳаҳои иқтисодиёти "сабз", энергияи барқароршаванда, мубориза бо тағирёбии иқлим ва рушди сармояи инсониро фаро мегирад.