Сарвари давлатамон бо қаноатмандии амиқ ҳамкориҳои пурсамари миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди байнипарлумонро қайд намуд.
Дар ин рӯзҳо дар шаҳри Тошканд чорабиниҳои 14-умин ҳамоиши занони роҳбари порлумонҳои миллии кишварҳои ҷаҳон бомуваффақият ҷараён доранд. Рӯзнома масъалаҳои муҳими дорои аҳамияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, рушди институтҳои муассири дастгирии дигаргуниҳои демократӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, татбиқи сиёсати гендериро дар бар гирифтааст.
Ба ғайр аз ин, якҷоя бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ як қатор лоиҳаҳо татбиқ шуда, оид ба Мақсадҳои рушди устувор дар шаҳри Бухоро Форуми парлумонӣ ва дигар чорабиниҳо гузаронда шуданд.
Намояндагони воломақоми Иттиҳоди байнипарлумонӣ ба раҳбари Ӯзбекистон барои кумаки ҳамаҷониба дар пешбурди ташаббусҳои муштарак изҳори сипос намуда, ҳамчунин барномаи дигаргунсозиҳо ва ислоҳот дар Ӯзбекистони Навро ҳамаҷониба дастгирӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳо, аз қабили ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳо дар соҳаи рушди устувор, тарғиби арзишҳои демократӣ, дастгирии ҷавонон, ҳамкорӣ бо Маркази инноватсионии Иттиҳод таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.