Президенти Ӯзбекистон бо Сарвазири Покистон масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд

    Ҳукумат 26 Oktabr 2021 3934

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 26 октябр бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Имрон Хон мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари ҳукумати Покистон дар оғози сӯҳбат роҳбари давлати моро ба муносибати бомуваффақият анҷом ёфтани маъракаи интихоботӣ ва пирӯзии дилпур дар интихоботи президентии гузашта самимона табрик гуфта, ба халқи дӯсти Ӯзбекистон сулҳ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу кард.

    Президенти Ӯзбекистон ва Сарвазири Покистон тамоюли устувори рушди босуръати ҳамкориҳои дуҷонибаро бо қаноатмандии амиқ қайд карданд.

    Мулоқотҳои судманд дар ҷараёни ҳамоиши Тошканд дар моҳи июли соли ҷорӣ имкон доданд, ки муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Покистонро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароварда, онҳоро бо мазмуни мушаххас ғанӣ гардонанд.

    Афзоиши назарраси нишондиҳандаҳои савдои мутақобила ва мизони ҳамкориҳои саноатии ширкатҳои пешрафтаи ду кишвар махсусан қайд карда шуд. Дар соҳаҳои сармоягузорӣ, бонку молия, нақлиёту коммуникатсия, инсонпарварӣ ва дигар лоиҳаву барномаҳои нави ҳамкорӣ таҳия мегарданд. Инчунин доир ба авзоъ дар Афғонистон табодули афкор сурат гирифт. Ахамияти муттаҳид намудани саъю кушиши байналмилалӣ ба мақсади мусоидат ба пойдор гардондани сулҳу осоиш ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ин мамлакат таъкид шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates