Президенти Ўзбекистон рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Қатар бо қаноатмандӣ қайд намуд

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 15 апрел ҳайати Давлати Қатарро таҳти сарварии Сарвазир, вазири корҳои хориҷӣ Шайх Муҳаммад бин Абдулраҳмон Ол Сонӣ ба ҳузур пазируфт.

    Ҳайати Қатар барои ширкат дар ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои муколамаи «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» дар кишвари мо қарор дорад.

    Сарвазир Муҳаммад Ол Сонӣ салом ва орзуҳои беҳтарини Амири Қатар Тамим бин Ҳамад Ол Сониро ба роҳбари Ӯзбекистон расонд.

    Масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту коммуникатсия баррасӣ шуданд.

    Сарвари давлатамон муколамаи пуршиддати сиёсӣ ва афзоиши босуръати ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузориро бо қаноатмандии махсус қайд кард.

    Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Қатар амалӣ мешаванд. Чорабиниҳо дар доираи табодули фарҳангӣ ва башардӯстона баргузор мешаванд. Моҳи октябр дар Ӯзбекистон Ҳафтаи фарҳанги Қатар баргузор мешавад.

    Муҳимияти пешбурди лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва таъсиси ҳарчи зудтари механизмҳои самарабахши дастгирии молиявии онҳо таъкид гардид. Масъалаҳои тезондани иҷрои амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани трансафғонӣ баррасӣ шуданд.

    Оид ба мушкилоти минтақавӣ, аз он ҷумла масъалаҳои ҷиддии тезу тунд гардидани вазъият дар Шарқи Наздик низ мубодилаи ҳаматарафаи афкор барпо гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates