Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Қирғизистон баррасӣ шуданд.
Дар аввали мулоқот раиси Парлумони Қирғизистон ба сарвари давлатамон саломи самимӣ ва таманноҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаровро расонд.
Зимни суҳбат сатҳи кунунӣ ва моҳияти пурсамари ҳамкориҳои дуҷониба бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд. Аз ҷумла, дар сатҳҳои гуногун робита ва табодули фаъол сурат гирифта, ҳаҷми гардиши мол ва ҳамлу нақли бор афзуда, лоиҳаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла бо ҷалби сармояҳои фонди муштарак татбиқ мегарданд.
Нақши хосаи рушди равобити зичи байнипарлумонӣ дар тавсеаи муносибатҳои бисёрҷанба, иҷрои созишномаҳо дар сатҳи олӣ ва пешбурди лоиҳаҳои пешомаднок, роҳандозии ҳамкории амалӣ дар сатҳи минтақаҳо ва тиҷорат, инчунин баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангиву башардӯстӣ дар ду кишвар таъкид гардид.
Ҳамчунин аҳамияти пурзӯр гардондани ҳамкорӣ ва мутобиқсозӣ дар доираи созмонҳои махсуси байналмилалӣ қайд карда шуд.