Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои амалиро бо Қазоқистон қайд кард

    Ҳукумат 9 Noyabr 2023 3936

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Алихон Смайловро, ки барои ширкат дар нишасти сарони Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар кишвари мо қарор дорад, қабул кард.

    Дар оғози мулоқот Сарвазири Қазоқистон ба раҳбари Ӯзбекистон саломи самимӣ ва орзуҳои беҳтарини Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаевро расонд.

    Сарвари давлатамон рушди босуръати муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Қазоқистонро бо қаноатмандӣ қайд кард

    Ба татбиқи ҳамаҷонибаи созишномаҳо дар сатҳи олӣ, аз ҷумла афзоиши гардиши мол, пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ ва логистика таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Дар ин замина аҳамияти идомаи кори самараноки Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ қайд гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates