Президенти Ӯзбекистон Президенти Қазоқистонро бо рӯзи таваллудаш табрик кард

    17 май Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Президенти Қазоқистонро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатии бардавом, беҳбудӣ ва муваффақият, ба халқи бародари қазоқ сулҳу шукуфоӣ таманно намуд. Саҳми бузурги шахсии Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва неки ҳамсоягии Ӯзбекистон ва Қазоқистон, ба сатҳи иттифоқӣ расондани онҳо махсусан қайд гардид.

    Сарони ду давлат масъалаҳои кунунии тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Қазоқистонро баррасӣ карданд.

    Рафти иҷрои қарордодҳои ҷаласаи корӣ дар шаҳри Хива ва ҷадвали баргузории чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуд.

    Ба ташаккули портфели нави лоиҳаҳои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, мусоидат ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, нақлиёт ва логистика, энергетика, кишоварзӣ бо ҷалби соҳибкорон ва минтақаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аҳамияти идомаи табодули фаъоли фарҳангӣ ва башардӯстона таъкид шуд.

    No date selected
    June 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates