Дар мулоқот масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷонибаи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ, ки тибқи созишномаҳои сатҳи олӣ ҳосил шудаанд, баррасӣ шуданд.
Ҷанбаҳои амалӣ дар ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералӣ, аз ҷумла дар соҳаи мубориза бо терроризм, экстремизм, ҷиноятҳои киберӣ, фасод ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ, ҳамчунин ҳамкорӣ дар масъалаҳои бозгардонии активҳои ҷиноӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ ва рақамикунонӣ муҳокима шуданд.
Зарурати роҳандозии муколамаи наздик, густариши робитаҳо ва табодули таҷриба, инчунин ташкили чорабиниҳои муштарак байни мақомоти прокуратураи ду кишвар таъкид гардид.