Роҳбари давлати мо рушди муттасили шарикии пурмаҳсулро бо «ACWA Power», ки дар соҳаи энергетикаи «сабз»-и Ӯзбекистон сармоягузории стратегӣ ба шумор меравад, бо қаноатмандии амиқ зикр намуд. То имрӯз 4 лоиҳа ба маблағи тақрибан 3 миллиард доллар бомуваффақият татбиқ гардиданд, маҷмӯи маблағи лоиҳаҳои ҷорӣ 15 миллиард долларро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, маросими ба истифода супурдани як қатор лоиҳаҳои муштарак: ба шабака вобаста кардани 2 истгоҳи бодиву барқии иқтидорашон 500 мегаватт дар вилояти Бухоро ба вуқӯъ пайваст, ҳамчунин ба сохтмони 2 истгоҳи барқиву обии иқтидори умумиашон 1 гигаватт дар вилояти Самарқанд ва низоми захираи энергия дар ҳаҷми 334 мегаватт дар вилояти Тошканд ибтидо гузошта шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ба татбиқсозии лоиҳаҳои кооператсионӣ дар соҳаи бозсозии энергетикӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуналӣ, рушди технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, саноати бофандагӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок эътибори махсус дода шуд.
Муҳимияти вусъат додани кор бинобар ҷалби ширкатҳои пешқадами Сауд ба кишвари мо дар доираи фаъолияти Шӯрои муштараки соҳибкорӣ таъкид гардид.