Дар чорабинӣ, ки таҳти сарварии Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов гузашт, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ, Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, Президенти Ҷумҳурии Арманистон Ваагн Хачатурян, сарони парлумонҳо ва намояндагони дараҷаи олии давлатҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ ширкат ҷустанд.
Роҳбари давлати мо дар суханронии худ таъкид намуд, ки баргузории анҷуман дар роҳи таҳкими робитаҳои бародарона ва қаробати халқҳо, ҳамчунин васеъ оммавӣ шудани мероси ғановатманди умумӣ дар ҷаҳон қадами муҳим ба шумор меравад.
Қайд гардид, ки мероси эҷодии Махтумқулии Фироғӣ нафақат шеърияти классикии Шарқ, балки адабиёти ҷаҳониро низ ғанӣ кардааст.
Дар Ӯзбекистон ба эҷодиёти Махтумқулӣ баҳои баланд медиҳанд.
Шоир дар мадрасаи Шерғозихони Хива таълим гирифт, дар ҳамин ҷо илмҳои дунявӣ ва диниро азхуд кард. Вай нисбати шоир ва мутафаккири бузурги ӯзбек Алишери Навоӣ эҳтироми амиқ дошт.
Таъкид шуд, ки соли равон дар Ӯзбекистон 300-умин солгарди Махтумқулии Фироғӣ васеъ таҷлил мегардад. Конфронс, машварат, шабнишинӣ, озмунҳои адабӣ гузаронида мешаванд, намоишномаҳо ва чорабиниҳои дигар баргузор мегарданд. Таҳиягарони ӯзбек ва туркман якҷо оид ба шоир филми бадеӣ офаридаанд.
Аз ҷониби роҳбари Ӯзбекистон ҳамчунин дар доираи «Соли байналхалқии сулҳу салоҳ ва эътимод», ки бо ташаббуси Туркманистон Ассамблеяи генералии СММ эълон кардаасту соли оянда дар шаҳри Ашқобод ҳамоиши ҷаҳонӣ гузаронида мешавад, дастгирӣ карда шуд.
Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ба Президенти Ӯзбекистон барои баромади сермазмун, ҳамчунин бинобар тадбирҳое, ки дар кишвари мо бобати абадӣ гардонидани хотираи Махтумқулии Фироғӣ гузаронида мешаванд, миннатдорӣ баён карда, изҳор дошт, ки роҳбари давлати мо ба муносибати 300-умин солгарди шоир ва мутафаккири туркман бо медал мукофотонида мешавад.
Баъди анҷоми чорабинӣ Ҳуҷҷати ҷамъбастии анҷуман қабул карда шуд.