Президенти Ӯзбекистон бо Раиси Тотористон музокирот анҷом дод

    Ҳукумат 5 Oktabr 2023 4632

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар доираи сафари расмӣ ба Федератсияи Русия дар шаҳри Қазон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миннихонов мулоқот анҷом дод.

    Сарвари давлатамон дар оғози мулоқот натиҷаҳои баланди ҳамкориҳои судмандро, ки дар солҳои охир ба даст оварда шудаанд, бо қаноатмандӣ қайд намуд. Ҳаҷми савдои мутақобила ва сармоягузорӣ меафзояд. Дар вилояти Тошканд технопарки кимиёвию саноатии “Чирчиқ” бомуваффақият кор карда, дар вилояти Ҷиззах сохтмони технопарк идома дорад.

    Дар саноати кимиё ва мошинасозӣ низ лоиҳаҳои калони кооператсия ба амал бароварда мешаванд. Дар шаҳри Ҷиззах филиали Донишгоҳи федералии Қазон мавҷуд аст.

    Инчунин дар саноати кимиё ва мошинасозӣ низ лоиҳаҳои калони кооператсия ба амал бароварда мешаванд. Дар шаҳри Ҷиззах филиали Донишгоҳи федералии Қазон мавҷуд аст.

    Натиҷаҳои Форуми сеюми ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни Ӯзбекистон ва Русия, ки ба қарибӣ дар шаҳри Қазон баргузор шуд, қайд гардид. Аз ҷумла, созишномаҳо оиди созмон додани паркҳои нави саноатӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон якҷоя бо технопаркҳои «Алабуга» ва «Мастер»-и Русия ба имзо расид.

    Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои ояндадори ҳамкорӣ дар соҳаи коркарди маъдан, соҳаи иттилооту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, инчунин густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Дар натиҷаи мулоқот оид ба пешбурди лоиҳаҳои шарикии амалӣ дар самтҳои муҳим дар асоси “харитаҳои роҳ”-и муштарак мувофиқа ҳосил шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates