Дар оғози сӯҳбат пешвои Тоҷикистон Сарвари давлатамонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба халқи бародари Ӯзбекистон сулҳу оромӣ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу кард.

Масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ ва бо мазмуни мушаххаси амалӣ ғанӣ гардондани рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

Сарони давлатҳо доир ба аҳамияти фаъолгардонии минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ ва башардӯстона, аз ҷумла баргузории намоишгоҳу ярмаркаҳои муштарак, чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ бо ҷалби васеи ҷавонон як хел фикр изҳор намуданд. Масъалаҳои ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯби механизмҳои Вохӯриҳои машваратии мунтазами сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ шуданд.