Президенти Ӯзбекистон Президенти Тоҷикистонро бо зодрӯзаш табрик кард

    5 октябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар рафти суҳбати телефонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрик намуда, ба ӯ саломатии бардавом, хушбахтии хонаводагӣ ва комёбиҳои нав орзу кард.

    Сарвари давлати мо нақши Президенти Тоҷикистонро дар таҳкими истиқлолият, таъмини рушди устувор ва боло бурдани нуфузи байналмилалии кишвар махсус таъкид намуда, инчунин саҳми шахсии ӯро дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳампаймонии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон зикр кард.

    Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами густариши минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба дар доираи иҷрои созишномаҳои сатҳи олӣ баррасӣ гардиданд.

    Ба масъалаи идомаи кори муштарак оид ба ташаккули барномаи нави ҳамкории амалии ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид, ки самтҳои афзалиятноки тиҷорат, ҳамкориҳои саноатӣ, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва табодули фарҳангиву гуманитариро дар бар мегирад.

    Ҳамчунин ҷадвал ва рӯзномаи чорабиниҳои дарпешистодаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи сатҳи олӣ, ки дар кишварҳои мо ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима шуд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates