Президенти Ӯзбекистон рафти татбиқи ташаббусҳоро дар чаҳорчӯби Созмони давлатҳои туркӣ баррасӣ намуд

    Ҳукумат 24 Yanvar 2023 4086

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 24 январ Котиби генералии Созмони давлатҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиевро, ки дар шаҳри Тошканд дар доираи барномаи ҷамъомади навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ қарор дорад, қабул кард.

    Дар рафти мулоқот рафти татбиқи вазифаҳои афзалиятноки раисии Ӯзбекистон дар Созмони давлатҳои туркӣ баррасӣ шуд.

    Котиби генералӣ ба натиҷаҳои Ҳамоиши таърихии Самарқанд, ки дар рушди Созмон саҳифаи нав кушод, баҳои баланд дод.

    Созишномаҳо оид ба сода гардондани савдо ва тартиби гумрукӣ, созмон додани Фонди сармоягузорӣ қабул шуданд.

    Самарқанд «Пойтахти тамаддуни туркӣ» эълон шуд. Бори аввал ҷоизаи ба номи Алишер Навоӣ супурда шуд.

    Ба ғайр аз ин, Ӯзбекистон узви комилҳуқуқи Созмони байналмилалии фарҳанги туркӣ гардид.

    Бо қаноатмандӣ таъкид ёфт, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон соли 2023 «Соли рушди тамаддуни туркӣ» эълон гардид.

    Ба самтҳои афзалиятноки раисӣ, аз ҷумла татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ, фароҳам овардани «фазои имкониятҳои нави иқтисодӣ», таҳкими пайвастагии нақлиётӣ ва пурзӯр гардондани ҳамкорӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ эътибори алоҳида дода шуд.

    Дар фарҷоми вохӯрӣ Котиби генералӣ омодагии худро ба ҳамкории зич ба мақсади татбиқи амалии иқтидори ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмон изҳор дошт.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates