Президенти Ӯзбекистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо Туркия таъкид кард

    5 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳайати намояндагонро таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Туркия Алпарслон Байроқдор қабул кард.

    Дар вохӯрӣ роҳбари ширкати маъруфи “AKSA”-и Туркия Ҷамил Казанчӣ ва роҳбари “Cengiz Energy” Аҳмет Чингиз низ иштирок карданд.

    Дар оғози мулоқот меҳмони олимақом ба роҳбари давлати мо салом ва орзуҳои самимонаи Президенти Туркия Реҷеп Таййип Эрдоғанро расонд.

    Масъалаҳои рушди минбаъдаи шарикии стратегии ҳамаҷониба ва муносибатҳои ҳамкории бисёрсамтаи байни Ӯзбекистон ва Туркияро баррасӣ намуданд.

    Дар сатҳи олӣ рушд кардани ҳамкориҳои дуҷониба бо қаноатмандии бузург таъкид шуд. Нишондиҳандаҳои савдо ва сармоягузории мутақобила, теъдоди корхонаҳои муштарак ва парвозҳои мустақими ҳавоӣ меафзоянд.

    Таъкид гардид, ки ширкатҳои туркӣ дар мамлакати мо фаъолияти самарабахш доранд, якҷоя бо онҳо лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи муосир бо иқтидори умумии 1,8 гигаватт ва арзиши 1 миллиард доллар муваффақона амалӣ мегардад.

    Ба пешбурди лоиҳаҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва геология, аз ҷумла, маҳаллисозии технологияҳои муосир, истеҳсоли таҷҳизоти энергетикӣ, такмил додани идоракунии шабакаҳои тақсимотӣ, якҷоя ба кор даровардани конҳои ояндадор ва омодасозии кадрҳо барои соҳа диққати махсус дода шуд.


    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates