Президенти Ӯзбекистон бо Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон мулоқот кард

    Ҳукумат 16 Mart 2023 5371

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 16 март дар чаҳорчӯби нишасти фавқулодаи Созмони давлатҳои туркӣ дар шаҳри Анқара бо Пешвои миллии Халқ Маслаҳатии Туркманситон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои татбиқи амалии созишҳое, ки дар ҷараёни сафарҳои таърихии соли гузаштаи сатҳи олӣ ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуданд.

    Равобиту табодули фаъол дар сатҳҳои гуногун, натиҷаҳои муассири ҷаласаи ахири Комиссияи байниҳукуматӣ, афзоиши гардиши мол ва амиқтар шудани ҳамкорӣ дар бахшҳои афзалиятнок бо қаноатмандии хоса қайд карда шуд.

    Ба оғози корҳои амалӣ оид ба созмон додани минтақаи тиҷоратии наздисарҳадии “Шавот-Дашоғуз”, инчунин пешбурди лоиҳаҳои муҳими ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, мошинсозӣ, нақлиёту логистика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо таваҷҷуҳи муҳим зоҳир карда шуд.

    Масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои минтақавӣ, ҷадвали чорабиниҳои дарпешистода баррасӣ гардиданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates