Дар оғози суҳбат Сарвари давлатамон Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро бо зодрӯзаш самимона табрик гуфта, ба ӯ саломатӣ, бахту саодат ва муваффақиятҳои бузург, ба халқи бародари туркман сулҳу шукуфоӣ таманно намуд.
Саҳми арзандаи ӯ дар рушди Туркманистони муосир, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон махсусан қайд карда шуд.
Роҳбарони Ӯзбекистон ва Туркманистон ба муносибати иди муқаддаси Қурбон муборакбодиҳои самимиашонро ба ҳам диданд. Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин Гурбангулӣ Бердимуҳамедовро ба муносибати ифтитоҳи расмии шаҳри нави Аркадаг табрик гуфт.
Зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Вусъат додани робитаҳои судманд дар ҳама сатҳҳо, аз ҷумла табодули байниминтақавӣ ва фарҳангию башардӯстона қайд карда шуд.
Ҷанбаҳои актуалии ҳамкории минтақавӣ баррасӣ шуданд.