Валиаҳди Абу-Дабӣ аз номи мардуми Аморатҳо Президент ва халқи дӯсти Ӯзбекистонро ба муносибати 30-юмин солгарди истиқлолияти кишвар самимона табрик гуфта, ба онҳо беҳбудӣ, дастовардҳои бузург ва пешрафтҳои минбаъда таманно кард.
Тарафҳо натиҷаҳои амалии корҳои муштаракро дар доираи иҷрои созишномаҳои сафари сатҳи баланд ба Амороти Муттаҳидаи Араб дар моҳи марти соли 2019 бо қаноатмандии амиқ қайд карданд.
Дар рӯзҳои наздик якҷоя бо ширкати Masdar дар Ӯзбекистон аввалин шуда нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобии иқтидораш 100 МВт ба истифода дода шуд. Ғайр аз ин, дар комплекси энергетикӣ боз шаш лоиҳаи калон ба амал бароварда мешавад. Умуман дар соҳаҳои мухталиф оид ба пешбурди 15 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи тақрибан 5 миллиард доллар корҳои муштарак анҷом дода мешаванд.
Як қатор барномаҳои муҳим дар соҳаи тайёр кардани кадрҳои роҳбарикунанда, мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, лоиҳаҳои табодули башардӯстона амалӣ карда мешаванд.
Аз руи масъалахои инкишофи вазъият дар Афғонистон мубодилаи афкор ба амал омад. Дар бораи идомаи робитаҳои фаъол оид ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ созиш ҳосил шуд.