Президенти Ӯзбекистон ва сарвари БАТР масъалаҳои густариши минбаъдаи шарикии стратегиро баррасӣ намуданд

    12 ноябр дар ҳошияи нишасти СОР29, ки дар Боку баргузор мегардад, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд Одил Рено-Бассо мулоқот анҷом дод.

    Ҷанбаҳои амалии тавсеаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо ин институти бонуфузи байналмилалии молиявӣ баррасӣ шуд.

    Бо камоли қаноатмандӣ қайд гардид, ки сармояи бонк ба кишвари мо аз 5 миллион евро гузашт. Аз рӯи ин нишондиҳанда Ӯзбекистон бузургтарин шарики БАТР дар ин минтақа ба шумор меравад.

    Бо иштироки фаъолонаи бонк чорабиниҳо оид ба хусусигардонӣ дар сектори бонк амалӣ шуда, пойгоҳи меъёриву ҳуқуқӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ такмил дода мешавад.

    Сарвари давлатамон ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати тайёрӣ ва натиҷадиҳии лоиҳаҳо таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд.

    Дар маркази таваҷҷуҳ татбиқ ва ғанигардонии минбаъдаи Стратегияи шарикӣ байни Ӯзбекистон ва БАТР қарор дорад. Татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои нав дар соҳаи самаранокии энергетикӣ, рушди тиҷорати хурд ва миёна, соҳибкории занон ва ҷавонон, ҷорӣ кардани механизмҳои шарикии давлатию хусусӣ дар сектори иҷтимоӣ ва инфрасохтор, инчунин рушди шаҳрҳои «сабз» ҳамчун афзалиятҳои ҳамкорӣ муайян шуданд.

    Ҳамчунин оид ба масъалаҳои тайёрӣ ва баргузор намудани ҷамъомади навбатии Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ дар соли оянда табодули афкор сурат гирифт.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates