Президенти Ӯзбекистон ва Канслери Олмон дарахт шинонданд

    Дар поёни ҳамоиши Ӯзбекистону Олмон маросими шинондани дарахт баргузор шуд.

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс якҷоя дар хиёбони Маркази конгресс дарахт шинонданд.

    Маросим рамзи оғози марҳилаи нави муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Олмон, таҳкими риштаҳои дӯстӣ ва шарикии байни халқҳоямон гардид.

    Бо ҳамин сафари Президенти Ӯзбекистон ба Самарқанд анҷом ёфт, сарвари давлатамон ба Тошканд баргашт.