Президенти Ӯзбекистон ва Валиаҳди Арабистони Саудӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаро баррасӣ карданд

    Дар доираи саммити ғайринавбатии арабӣ-исломӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Валиаҳд, Сарвазири Подшоҳии Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон Ал Сауд мулоқот анҷом дод.

    Масъалаҳои муҳими густариши минбаъдаи муносибатҳои бисёрҷабҳаи Ӯзбекистон ва Арабистони Саудӣ баррасӣ шуданд.

    Дар оғози суҳбат сарвари давлати мо саривақтӣ ва аҳамияти ташкил намудани саммити фавқулодаро дар шаҳри Ар-Риёз таъкид намуд.

    Бо қаноатмандии зиёд қайд карда шуд, ки равобит ва мубодилаҳои пуршиддат дар сатҳҳои гуногун идома доранд. Ҳаҷми савдо ва сармоягузориҳои мутақобила афзоиш ёфта, шумораи корхонаҳои муштарак зиёд мешавад.

    Масъалаҳои пешбурди лоиҳаҳои нави муштарак, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетикаи «сабз», навсозии инфрасохтори нақлиётӣ, коммуникатсия, сектори кишоварзӣ ва саноат баррасӣ гардиданд.

    Ба масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи баланд, аз ҷумла саммити дуюми муколамаи «Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ» дар шаҳри Самарқанд дар соли 2025 таваҷҷуҳи махсус дода шуд.

    Дар ҷараёни мулоқот роҳбари Ӯзбекистон ба роҳбарияти Арабистони Саудӣ барои шароити ба шаҳрвандони мо ҷиҳати адои Ҳаҷ ва Умра фароҳамшуда миннатдории худро изҳор намуд.

    Инчунин оид ба масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла ҳалли осоиштаи вазъият дар Ховари Миёна мубодилаи афкор сурат гирифт.

    Бо ҳамин барномаи сафари корӣ ба шаҳри Ар-Риёз анҷом ёфт ва сарвари кишвари мо ба Боку рафт.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates