Сарвари давлати мо дар оғоз Сарвазир ва мардуми дӯсти Венгрияро бо ҷашни миллӣ – Рӯзи инқилоби Венгрия самимона табрик гуфт.
Рушди босуръати муносибатҳои дуҷонибаи шарикии стратегӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанба бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд.
Масъалаҳои дастгирӣ ва суръат бахшидан ба лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Ба роҳандозии парвозҳои ҳавоии мустақим ва бунёди майдони истеҳсолӣ барои ҳамкории самарабахши корхонаҳои Ӯзбекистон ва Венгрия таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Инчунин аз рӯи рӯзномаи муҳими байналхалқӣ мубодилаи афкор барпо гардид.