Дар мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкориҳои самарабахш бо ин созмони бонуфузи варзишӣ дар соҳаи такмили мактаби миллии дзюдо ва таблиғи ин намуди варзиш дар кишварамон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Қобили зикр аст, ки Ӯзбекистон дар фаъолияти федератсияи байналмилалӣ фаъолона иштирок мекунад. Соли 2022 дар кишварамон чемпионати ҷаҳон миёни калонсолон ва соли гузашта мусобиқаи ҷаҳонӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ бомуваффақият баргузор гардид. Дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Париж Диёра Келдиёрова бори аввал дар таърихи Ӯзбекистон медали тиллоиро дар риштаи дзюдо ба даст овард.
Раиси федератсия Мариус Визер ба ислоҳоти васеъмиқёсе, ки барои тарғиби тарзи ҳаёти солим, дастгирии ҳамаҷонибаи намудҳои гуногуни варзиш, ҷалби ҷавонон, бахусус духтарон ва фароҳам овардани инфрасохтори муосир ва дастрас дар кишвар амалӣ мегарданд, баҳои баланд дод.
Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаҳои тавсеаи кумакҳои техникӣ ва ёрии коршиносӣ аз ҷониби федератсия дар самти омодасозии варзишгарон, мураббиён ва доварон, инчунин ҷорӣ намудани механизми самарабахши интихоби истеъдодҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.
Илова бар ин, пешниҳод шуд, ки мусобиқаҳои байналмилалии дзюдо дар минтақаҳои гуногуни кишварамон мунтазам баргузор карда шаванд.
Дар анҷоми мулоқот Президенти Ӯзбекистон барои саҳми бузургаш дар рушди мактаби миллии ин навъи варзиш ба раиси Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер мукофоти олии давлатӣ – ордени «Дӯстлик»-ро супурд.