Сарвари давлатамон фаъолияти пурсамар ва саъю кӯшиши фаъолонаи сафирро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин бо қаноатмандӣ қайд намуд.
Моҳи сентябри соли гузашта сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ба Ӯзбекистон бомуваффақият анҷом ёфт.
Дар тӯли чанд соли охир муомилоти мол ду баробар, миқдори лоиҳаю корхонаҳои муштарак се баробар афзуд. Лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ амалӣ мешаванд. Ҳамкориҳои амалӣ барои пешбурди лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон” оғоз ёфт.
Мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ густариш ёфта, дар соҳаҳои таълим, тандурустӣ, бостоншиносӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо барномаҳои муҳим амалӣ мегарданд.
Сафир Сзян Ян барои саҳми шахсиаш дар ноил шудан ба сатҳи замонавии ҳамкориҳои дуҷониба бо фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо мукофоти олии давлатии мамлакатамон – ордени «Дӯстӣ» мукофотонида шудааст.