Президенти Ӯзбекистон ҳайати Чинро пазируфт

    Ҳукумат 28 Iyul 2022 6611

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 июл ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти сарварии аъзои Шӯрои давлатии ҶМЧ, вазири корҳои хориҷӣ Ван И, ки ба кишварамон барои иштирок дар чорабиниҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ омадааст, қабул кард.

    Масъалаҳои мубрами таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистону Чин ва густариши ҳамкориҳои бисёрҷанбаи ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Доир ба дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ, аз ҷумла рӯзномаи ҳамоиши дарпешистодаи Самарқанди Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор сурат гирифт.

    Дар оғози мулоқот вазири корҳои хориҷии Чин саломи самимӣ ва орзуҳои неки Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро ба сарвари давлатамон расонд. Таъкид гардид, ки ҷониби Чин ба сатҳи кунунии муносибатҳои дуҷониба, ки дар самти боло инкишоф меёбанд, баҳои баланд медиҳад. Ба дигаргунсозиҳои сиёсӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодие, ки дар Ӯзбекистони Нав ба амал омада истодаанд, дастгирии пурра изҳор карда шуд.

    Бояд гуфт, ки Чин аз рӯи анъана яке аз шарикони пешбар ва боэътимоди кишвари мо мебошад. Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ босуръат инкишоф меёбанд. Аз аввали соли равон ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ 35 фоиз афзуд. Интизор меравад, ки то охири сол гардиши мол ба 10 миллиард доллар наздик шавад.

    Бо иштироки ширкатҳо ва муассисаҳои бонкии Чин як қатор лоиҳаҳои бузурги сармоягузории кооператсияи саноатӣ ва навсозии инфрасохтор амалӣ карда мешаванд. Ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Ӯзбекистон дар солҳои охир аз 10 миллиард доллар гузашт.

    Роҳбари кишвар имкониятҳои мавҷударо барои тавсеаи куллии ҳамкориҳои мутақобилан судманд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои мубориза бо камбизоатӣ, содироти маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатӣ, ҷорӣ намудани инноватсияҳо, энергияи алтернативӣ, технологияҳои абрӣ, бахши IT ва дигарон таъкид кард.

    Ба пешбурди барномаи табодули башардӯстона, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, истеҳсоли ваксинаҳо ва таъсиси муассисаҳои махсуси тиббӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир гардид.

    Масъалаҳои суръат бахшидан ба омода кардан ва татбиқи лоиҳаҳои стратегии минтақавӣ, пеш аз ҳама роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон" ва "Тирмиз-Мазори Шариф-Кобул-Пешовар" алоҳида баррасӣ шуданд.

    Дар мулоқот саъю кӯшиши тарафайн барои расондани ёрии амалӣ ба тараққиёти осоишта ва барқарор намудани иқтисодиёти Афғонистон дастгирӣ карда шуд. Хайати вакилони Чин ба натиҷаҳои пурсамари конференцияи Тошканд, ки чанд рӯз пеш бинобар ин масъалаҳо барпо гардид, баҳои баланд дод.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates