Мадҳияҳои давлатии Ӯзбекистон ва ҶМЧ садо дода, баъд аз он роҳбари давлатамон ба пояи муҷассамаи Ёдгории қаҳрамонони халқ гулчанбар гузошта, хотираи муборизонеро, ки баҳри истиқлолияти миллӣ ва озодии мадуми Чин дар асрҳои XIX-XX ҷони худро қурбон кардаанд, пос дошт.

Майдони Тяньаньмэн ба таври анъанавӣ дили рамзии миллати Чин ба ҳисоб меравад.

1 октябри соли 1949 дар ин ҷо ташкилёбии  Ҷумҳурии Мардумии Чин эълон карда шуд. Муҷассамаи қаҳрамонони миллӣ дар миёнаҳои асри XX сохта шудааст.