Президенти  Ўзбекистон бо ҳайати КБМ масъалаҳои васеъ гардондани ҳамкории муфидро баррасӣ намуд

    Ҳукумат 14 Sentabr 2021 3393

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 сентябр ҳайати Корпоратсияи байналмилалии молиявиро таҳти сарварии директори идоракунанда Махтар Диоп қабул кард.

    Дар оғози мулоқот сарвари давлати мо ҳамкориҳои самарабахши босуръат рушдёбанда ва таҳкими шарикии стратегро бо Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ, ки ба он Корпоратсия низ шомил аст, таъкид намуд.

    Ба туфайли мулоқоти кушод ва конструктивӣ, саъю кӯшиши тарафайни ба дараҷаи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ, портфели ҷории лоиҳаҳои муштарак бо иштироки Бонки умумиҷаҳонӣ дар Ӯзбекистон ба 5 миллиард доллар бо фаро гирифтани тамоми соҳаҳои устувор ва иқтисодиёти мамлакат расид.

    Соли 2016 КБМ фаъолияти худро дар кишвари мо дубора оғоз намуд. Дар ин муддат ҳаҷми амалиётҳои Корпоратсия се маротиба афзуда, тақрибан ба 200 миллион доллар расид.

    Айни замон лоиҳаҳои муҳим оид ба рушди низоми шарикии давлатию хусусӣ, модернизатсияи нақлиёт, тағйир додани бахши бонкӣ, ислоҳоти институтҳои маблағгузории хурд, ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи истеҳсоли нассоҷӣ ва дигар соҳаҳои муҳим татбиқ карда мешаванд.

    Дар рафти гуфтушунид ба тавсеаи иштироки КБМ дар барномаҳо ва лоиҳаҳо оид ба дастгирии ислоҳот дар соҳаи тандурустӣ ва маориф, аз ҷумла тавассути такмил додани системаи идоракунӣ ва рақамисозии равандҳо таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда шуд.

    Ба ғайр аз ин, муҳим будани рушди ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорӣ, ҷорӣ кардани механизмҳои самарабахши бо маблағ таъминкунии тиҷорат, таҷрибаи пешқадам дар хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва рушди низоми КДХ, инчунин "технологияҳои сабз", аз он ҷумла дастгирии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар энергетика ва кишоварзӣ дар Ӯзбекистон таъкид гардид.

    Дар бораи омода кардани "харитаи роҳ"-и муштарак ва баргузории вохӯриҳои мунтазами коршиносон созиш ҳосил шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates