Президенти Ӯзбекистон Си Ҷинпинро ба муносибати дубора интихоб шуданаш табрик гуфт

    Ҳукумат 10 Mart 2023 5699

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпинро ба муносибати дубора дар иҷлосияи якум даъвати чордаҳуми Ҷамъомади умумичинии намояндагони халқ ба мақоми олӣ интихоб шуданаш табрик гуфт.

    Дар паёми Сарвари давлатамон алоҳида таъкид мешавад, ки дар солҳои охир Чин таҳти роҳбарии Си Сзинпин дар тамоми соҳаҳо ва ҷабҳаҳо ба дастовардҳои бесобиқа, дар рушди илмию техникӣ, инноватсионӣ ва иҷтимоӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид.

    Саҳми бузурги шахсии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ба сатҳи комилан нави шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баровардани муносибатҳои Ӯзбекистону Чин, ки ба риштаҳои чандинасраи дӯстии байни халқҳоямон асос ёфтаанд, ҳамкориҳои дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ қайд шудааст.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо саъю кӯшиши муштарак ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои мо минбаъд низ ба манфиати халқҳоямон босуръат инкишоф меёбанд.

    Президенти Ӯзбекистон ба Си Сзинпин саломатии мустаҳкам ва хушбахтии оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ муваффақиятҳои калон ва ба мардуми дӯсти Чин сулҳу оромӣ, шукуфоии дарозмуддат ва беҳбудӣ орзу кард.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates