Президенти Ӯзбекистон як қатор самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалии минтақавиро дар формати нав муайян кард

    16 ноябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Мулоқоти ҳафтуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

    Дар ин саммит Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, инчунин роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе ширкат карданд.

    Мувофиқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои афзалиятнок баррасӣ шуданд.

    Дар оғози саммит Сарвари кишвари мо бо қаноатмандӣ аз ҳамроҳ шудани Озарбойҷон ба формати Мулоқоти машваратӣ ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқ хабар дод. Тавре роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ин қарор пурра ба манфиатҳои халқҳои мо, ки бо таърихи умумӣ, риштаҳои хешутаборӣ ва қаробати маънавию фарҳангӣ пайвастанд, мувофиқат мекунад.

    Вай ҳамчунин изҳори итминон кард, ки ин қадами стратегӣ ба Мулоқоти машваратӣ нерӯи нав мебахшад, уфуқҳои нави густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро мекушояд, инчунин барои таҳияи қарорҳои муттаҳид дар масъалаҳои рушди устувор замина фароҳам меорад.

    – Дар асл, мо байни Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ пули мустаҳкам хоҳем сохт, роҳро ба ташкили фазои ягонаи ҳамкорӣ боз хоҳем кард, ки бешубҳа, пайвандияти стратегӣ ва устувории ҳар ду минтақаро тақвият медиҳад, – таъкид намуд Президенти Шавкат Мирзиёев.

    Сипас роҳбари Ӯзбекистон ба равандҳои ҳамгироии минтақа дар солҳои охир баҳо дод. Таъкид шуд, ки бо шарофати муколамаи боз ва талошҳои муштараки фаъол, барои як қатор масъалаҳои муҳимми минтақа ҳалли муассир пайдо шудааст.

    Масъалаҳои марзӣ ниҳоят ҳаллу фасл гардиданд, гузаргоҳҳои сарҳадӣ боз шуданд, ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи обу энергетика ба роҳ монда шуд, робитаҳои нақлиётӣ барқарор гардиданд, барои алоқаҳои тиҷоратию сармоягузорӣ ва гуманитарӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

    – Имрӯз Осиёи Марказӣ фазои рушди динамикӣ ва ҳамкориҳои самаранок мебошад, ки барои мо имкониятҳои навро барои рушди устувор ва шукуфоӣ мекушояд, – таъкид намуд роҳбари давлат.

    Минтақа бо суръати баланд ба иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамгиро мешавад: ҷаззобияти сармоягузории он меафзояд, имкониятҳои содирот ба бозорҳои кишварҳои сеюм густариш меёбад, иқтидори транзитӣ афзоиш меёбад. Соли гузашта ҳаҷми тиҷорати мутақобила байни кишварҳои минтақа ба 10,7 миллиард доллар расид, ҳаҷми умумии сармоягузорӣ ба Осиёи Марказӣ 17 фоиз зиёд шуд.

    Чораҳои низомӣ барои таъмини амнияту субот, мубориза бо таҳдиди терроризм ва экстремизм, ҷинояткории фаромарзӣ андешида мешаванд.

    Нақши байналмилалии минтақа ва мавқеи он дар масъалаҳои глобалӣ таҳким меёбад, ҳамкорӣ дар форматҳои «Осиёи Марказӣ плюс» фаъол мегардад, минтақа дар минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ бо мавқеи ягона баромад мекунад.

    Изҳори боварӣ карда шуд, ки бо ворид шудани Озарбойҷон ба ин формат, овози минтақа дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам пуртар хоҳад шуд.

    Таъкид гардид, ки дар давраи раёсатдории Ӯзбекистон беш аз 20 чорабинии бузург баргузор шуд. Кори Форуми ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар сатҳи муовинони сарвазирон роҳандозӣ гардид, бори аввал ҷаласаҳои роҳбарони ниҳодҳои дифоъ, хидматҳои махсус ва инчунин вазирони геология, саноат, кишоварзӣ, экология ва фарҳанг баргузор гардиданд. Рӯзи гузашта дар Тошканд муваффақона Муколамаи занони роҳбари Осиёи Марказӣ баргузор шуд.

    Таъкид гардид, ки ҳамаи ин чорабиниҳо аз густариши низомноки асосҳо ва механизмҳои институтсионалии ҳамкории минтақавӣ равшан нишон медиҳанд.

    Сарвари кишвари мо зикр намуд, ки дар пасманзари равандҳои мураккаб ва пешгӯинашавандаи сиёсати байналмилалӣ, таҳкими ҳамбастагӣ ва дастгирии мутақобилаи кишварҳои минтақа аҳамияти хоса пайдо мекунад.

    – Бовар дорам, ки имрӯз мо дар остонаи эҳёи таърихии минтақа ҳамчун Осиёи Миёнаи Нав қарор дорем. Мо вазифаи таҳкими минбаъдаи асосҳои институтсионалии ҳамкории худ, таҳияи ҷавоби ҳамоҳанг ба чолишҳои амният ва рушди устуворро дар назди худ гузоштаем. Ҳар қадар муҳим аст, ки аллакай имрӯз дарк намоем, ки минтақаи худро баъд аз 10–20 сол чӣ гуна дидан мехоҳем, – таъкид кард Президент.

    Сипас, роҳбари кишвари мо як қатор ташаббусҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ пешниҳод намуд.

    Пеш аз ҳама, пешниҳод шуд, ки мулоқотҳои кунунӣ аз формати машваратии муколамаи минтақавӣ ба формати стратегӣ – «Ҷамъияти Осиёи Миёна» табдил дода шаванд. Таъкид гардид, ки қадамҳои аввалини ин раванд метавонанд таҳияи Низомнома дар бораи Мулоқотҳои машваратӣ, таъсиси Котиботе, ки ба тартиби ротатсионӣ фаъолият хоҳад кард, баланд бардоштани мақоми ҳамоҳангсозони миллӣ то намояндагони махсуси президентҳо гарданд.

    Президент ҳамчунин ҷонибдорӣ намуд, ки Шӯрои пиронсолон аз ҷумлаи шахсиятҳои маъруфи ҷамъиятӣ ва дорои таҷрибаи ғании ҳаётӣ таъсис дода шавад, ки ин ба таҳкими робитаҳои наслҳо ва ҳамбастагии умумиминтақавӣ мусоидат мекунад.

    Раҳбари Ӯзбекистон ба зарурияти расидан ба сатҳи сифатан нави ҳамкории савдо-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ишора кард, ки ин имкон медиҳад дар пешомади миёнамуддат ҳаҷми савдои мутақобила ва гардиши умумии савдои хориҷиро 1,5–2 маротиба афзоиш диҳем.

    Таъкид шуд, ки муҳим аст монеаҳои маъмурӣ бартараф карда, расмиёти андозу гумрук содда гардонда, минтақаҳои иқтисодии озод ва саноатӣ ба таври муштарак истифода бурда шаванд.

    – Ба назари мо, таҳия ва қабули Барномаи фарогири минтақавии ҳамкории савдо-иқтисодӣ то соли 2035, ки масъалаҳои дар боло зикршударо дар бар мегирад, ба ташкили шароити мусоид барои афзоиши назарраси ҳаҷми савдо мусоидат хоҳад кард, – изҳор дошт сарвари давлат.

    Илова бар ин, зарурати қабули Декларатсия дар бораи фазои ягонаи сармоягузорӣ таъкид шуд, ки барои ташаккули иқлими ягонаи сармоягузорӣ дар минтақа равона шудааст. Ҳамчунин ба зарурати таҳияи Барномаи чораҳои муштарак оид ба рушди тиҷорати электронӣ ишора гардид, ки ба ҳамоҳангсозии равишҳо дар ин соҳа, таъсиси майдончаҳои виртуалии савдо ва низомҳои боэътимоди пардохтҳои рақамӣ нигаронида шудааст.

    Махсус таъкид шуд, ки барои ояндаи минтақа рушди муштараки инфрасохтори баландтехнологӣ ва потенсиали нақлиётию логистикӣ аҳамияти ниҳоят бузург дорад.

    – Пешниҳод мекунем, ки талошҳоро барои амалисозии лоиҳаҳои стратегӣ ва аҳамияти умумиминтақавӣ дошта, аз ҷумла сохтмон ва навсозии нерӯгоҳҳо, хатҳои интиқоли барқ, роҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳан, гузаргоҳҳои марзӣ, «долонҳои сабз», хатҳои нахии оптикӣ ва дигар иншоот муттаҳид созем, – таъкид кард роҳбари кишвари мо.

    Ҳамчун лоиҳаҳои афзалиятноки ҳамбастагии нақлиётии байниминтақавӣ сохтмони роҳи оҳани Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон ва Долонгоҳи нақлиётии Трансафғон номбар шуд. Ба имкониятҳои бузурги роҳҳои Транскаспӣ, ки минтақаро бо кишварҳои Аврупо мепайванданд, ишора гардид.

    Барои ҳамоҳангсозии кор дар ин самтҳо пешниҳод шуд, ки Шӯрои рушди инфрасохтор дар сатҳи муовинони сарвазирон таъсис дода шавад.

    Дар контексти таъмини амният ва суботи минтақавӣ ба ҳуҷҷатҳое, ки дар саммит қабул мешаванд – Консепсияи амният ва суботи минтақавӣ, инчунин Феҳристи хатарҳо ва таҳдидҳо – баҳои баланд дода шуд.

    Бо дарназардошти таъсири вазъият дар Афғонистон ба амният ва рушди устувори тамоми минтақа, таъкид гардид, ки муҳим аст ин кишвар ба лоиҳаҳои инфрасохторӣ, энергетикӣ ва нақлиётии минтақа ҷалб карда шавад.

    Сарвари Ӯзбекистон ҳамчунин ҷонибдорӣ намуд, ки «Форуми сулҳи Фарғона», ки чанде пеш баргузор шуд, ба як форуми байналмилалии мунтазам табдил дода шавад.

    Дар пасманзари болоравии муҳимияти масъалаҳои экология, иқлим ва норасоии захираҳои об барои кишварҳои минтақа, зарурати қабули тезонидаи Консепсияи рушди «сабз»-и Осиёи Марказӣ таъкид гардид.

    Бо дарназардошти афзоиши камбуди об дар минтақа, пешниҳод шуд, ки солҳои 2026–2036 ҳамчун «Даҳсолаи щаракатҳои амалӣ оид ба истифодаи оқилонаи об дар Осиёи Марказӣ» эълон карда шаванд.

    Таъкид гардид, ки ҷалби фаъоли Афғонистони ҳамсоя ба муколамаи минтақавӣ оид ба истифодаи муштараки захираҳои обии ҳавзаи Амударё мувофиқи мақсад ва зарур мебошад.

    Бо ҳадафи сармоягузорӣ ба омодасозии кадрҳои соҳавӣ дар бахши об, Президент Ӯзбекистон ташаббус ба миён гузошт, ки Маркази минтақавии салоҳиятҳо дар соҳаи хоҷагии об дар асоси Донишгоҳи муҳандисони обёрӣ ва механизатсияи кишоварзии Тошканд таъсис дода шавад.

    Сарвари давлат ҳамчунин ба иштироки фаъол дар Форуми ҷаҳонии сарфаи об даъват намуд, ки соли оянда дар кишвари мо баргузор мегардад.

    Ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин замина умед изҳор гардид, ки Маркази тамаддуни исломӣ дар Тошканд барои ҷавонон, маърифат ва рушди рӯҳонии онҳо ба макони ҷаззоб табдил меёбад.

    Ҳамчунин пешниҳод гардид, ки Конгресси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мероси маънавӣ ва маърифат, ки бори аввал дар арафаи саммит дар пойтахти мо баргузор шуд, ба таври мунтазам ташкил карда шавад.

    Дар идомаи ин мавзӯъ, Президенти Ӯзбекистон ташаббус ба миён гузошт, ки Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ дар бораи саҳми олимон ва мутафаккирони барҷастаи минтақаи мо дар рушди маърифат ва илми ҷаҳонӣ қабул карда шавад.

    Дар доираи ҳамкории илмӣ-фарҳангӣ пешниҳод шуд, ки Фонди таҳқиқоти илмӣ барои маблағгузории лоиҳаҳои байнидавлатӣ, дастгирии ҷомеаи академикӣ ва густариши имкониятҳо оид ба татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ таъсис дода шавад.

    Дар анҷоми суханронии худ, роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки ҳуҷҷатҳои имрӯз қабулшуда ва ташаббусҳои пешниҳодгардида ҳадафҳои умумии ҳамаи кишварҳоро дар роҳи бунёди Осиёи Марказии устувор, амн ва шукуфон инъикос мекунанд.

    – Мехоҳам махсус таъкид кунам: қувваи мо дар ваҳдат аст, роҳи мо ба сӯи муваффақият дар дӯстӣ ва ҳамкории созанда мебошад. Танҳо муттаҳид шуда, бо такя ба эҳтироми мутақобила, ҳамбастагӣ ва дидгоҳи стратегӣ метавонем ба ҳадафҳои нек ноил гардем, – иброз дошт Президент Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат ҳамчунин Президенти Туркманистонро ба муносибати ба ӯ вогузор шудани раёсати Мулоқоти машваратии сарони давлатҳо дар соли 2026, ки он аллакай дар формати нав – «Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон» баргузор мегардад, табрик намуд.

    Сипас, роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон, инчунин роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои кишварҳои Осиёи Марказӣ Каха Имнадзе, ки паёми Дабири кулли СММ Антониу Гутерришро қироат кард, суханронӣ намуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates