Дар фазои ҳавоии Покистон ҳавопаймои меҳмони олимақомро ҳавопаймоҳои ҷангии Нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоии Покистон ҳамроҳӣ карданд.

Дар фурудгоҳи «Нурхан» Сарвари давлати моро Президенти Покистон Асиф Алӣ Зардорӣ, Сарвазир Шаҳбоз Шариф ва дигар шахсони расмӣ пешвоз гирифтанд.

Парчамҳои давлатии ду кишвар барафрохта шуданд ва қаровули фахрӣ саф орост.

Мувофиқи барномаи сафар имрӯз мулоқотҳо бо Сарфармони қувваҳои мудофиа – фармондеҳи қӯшунҳои заминии Неруҳои Мусаллаҳ фелдмаршал Асим Мунир, Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва ҷаласаи аввалини Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олӣ баргузор мегарданд.

Фардо, 6 феврал, мулоқот бо Президенти Покистон Асиф Алӣ Зардорӣ ва иштироки ҳайат дар форуми тиҷоратии Ӯзбекистон–Покистон дар назар аст.