Дар фурудгоҳи байналмилалии «Эсенбоға» меҳмонони олимақомро Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Таййип Эрдоған бо ҳамсараш истиқбол гирифтанд.
Парчамҳои давлатии ҳар ду кишвар барафрохта шуда, қаровули фахрӣ саф орост.
Мулоқоти кӯтоҳи сарони ду давлат бо иштироки бонувони аввал баргузор гардид.
Дар ҷараёни суҳбат роҳбарон оид ба масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои ӯзбекистониву туркӣ дар доираи шарикии стратегии ҳамаҷониба табодули афкор намуданд.
Имрӯз дар қароргоҳи «Ақ сарой» ҷаласаи чоруми Шӯрои ҳамкории стратегии сатҳи олӣ баргузор мегардад.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои васеъ намудани ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, фарҳангию башардӯстона ва дигар самтҳои афзалиятнок ҳамаҷониба баррасӣ хоҳанд шуд.
Ҳамчунин дар шаҳри Анқара маросими ифтитоҳи маҷмааи истиқоматии «Ӯзбекистон» дар ноҳияи Арсузи музофоти Ҳатай ва оғози сохтмони мактаби ӯзбекӣ дар шаҳри Истанбул баргузор мегардад.