Сафари расмии Президенти Ӯзбекистон ба Чин анҷом ёфт

    Барномаи чорабиниҳои сермазмуни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Мардумии Чин анҷом ёфт.

    31 август дар шаҳри Тянҷзин Сарвари давлатамон бо ҳамсараш дар чорабиниҳои ғайрирасмии нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар маркази конгрессии «Мэйтсзян» ширкат варзид.

    1 сентябр роҳбари Ӯзбекистон дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои СҲШ ва мулоқот дар формати «СҲШ плюс» иштирок намуд, ки дар ҷараёни он як қатор ташаббусҳо оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва такмили фаъолияти созмон пешниҳод гардиданд.

    2 сентябр дар шаҳри Пекин бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо иштироки ҳайатҳои расмӣ музокирот баргузор шуд. Дар поёни мулоқот бастае аз ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар самтҳои афзалиятноки ҳамкории амалӣ имзо гардид.

    Бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин низ вохӯрӣ сурат гирифт, ки дар он ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ карданд.

    Сарвари давлатамон ҳамчунин бо Сарвазири Чин Ли Тсян, роҳбарони ҳайатҳои хориҷӣ ва намояндагони доираҳои тиҷоратии Чин вохӯриҳои судманд анҷом дод.

    3 сентябр Президенти Ӯзбекистон дар паради Ғалаба, ки ба муносибати 80-солагии анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳон дар шаҳри Пекин баргузор гардид, иштирок намуд.

    Пас аз анҷоми чорабиниҳои сафари расмӣ Сарвари давлатамон ба Тошканд парвоз кард. Дар фурудгоҳ меҳмонони олимақомро намояндагони расмии ҶМЧ гусел карданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates