Барномаи пурмуҳтавои сафари кории Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба шаҳри Пекин ба анҷом расид.
Дар ҷараёни сафар сарвари давлатамон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ва Президенти Ветнам Во Ван Тхионг мулоқот анҷом дод.
Мулоқотҳо бо раиси Шӯрои машваратии сиёсии мардумии Чин, роҳбарони корпоратсияҳои пешрафтаи чинии «Ameri International», «CAMCE», «China Energy», «State Grid» баргузор шуданд.
Президенти Ӯзбекистон ва ҳамсараш дар маросими истиқболи тантанавӣ роҳбарони ҳайатҳо, ки ба Форуми сеюми байналмилалии «Як камарбанд, як роҳ» омадаанд, иштирок намуданд.
Сарвари кишвар дар ифтитоҳи форуми ҷашнӣ иштирок намуда, дар ҷаласаи умумии он бахшида ба масъалаҳои рушди “сабз” суханронӣ намуда, дидгоҳҳои худро оид ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ бо Чин ва дигар иштирокчиёни “Камарбанд ва роҳҳо”ба ҳам дид.
Дар анҷоми чорабиниҳо дар фурудгоҳи байналмилалии “Шоуду” меҳмонони олиқадрро вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван Сянси ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд. Президенти мамлакатамон ба Тошканд рафт.