Мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои меҳнати бисёрсолаи пурсамараш дар мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва низоми нигаҳдории тандурустии кишварамон, хидматҳои бузургаш дар такмил додани низоми миллии интихоботӣ мувофиқи андозаҳои байналмилалии умумэътирофшуда, бомуваффақият амалӣ намудани ислоҳоти демократӣ, татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, ҳиссаи муносибаш дар тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи муҳаббату садоқат ба Ватан, инчунин ба муносибати 70-солагӣ Қаҳрамони Ӯзбекистон, раиси Комиссияи марказии интихоботии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Зайниддин Низомхӯҷаев бо унвони фахрии «Мураббии шоистаи ҷавонони Ҷумҳурии Ӯзбекистон» сарфароз гардонда шуд.
Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев ба Зайниддин Низомхӯҷаев нишони сарисинагии дахлдорро супурд.
Доктори илмҳои тиб, профессор З. Низомхӯҷаев солҳои зиёд дар як қатор вазифаҳои масъулиятнок фидокорона кор кардааст. Дар соли 2014 бо унвони «Қаҳрамони Ӯзбекистон» сарфароз гардонда шудааст.