Дар оғози мулоқот роҳбари идораи мудофиаи Русия ба сарвари Ӯзбекистон салом ва таманниёти самимии Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонд.
Дар мулоқот масъалаҳои рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ байни Ӯзбекистон ва Русия дар заминаи татбиқи амалии тавофуқҳое, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Русия ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи майи соли 2024 ба даст омада буданд, баррасӣ шуданд.
Аҳамияти густариши ҳамкориҳои байни идораҳои мудофиавии ҳарду кишвар мувофиқи ҳуҷҷатҳои барномавӣ ва нақшавӣ таъкид гардид.