Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом медиҳад

    Ҳукумат 11 Oktabr 2022 4136

    Бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Жомарт Тоқаев Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12-14 октябр ба пойтахти ин кишвар – шаҳри Остона барои иштирок дар чорабиниҳои ҷамъомади навбатии Машварати ҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё ва Шӯрои сарони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташриф меорад.

    Зимни нишасти Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – форуми байналмилалии сатҳи баланд, ки 13 октябр баргузор мешавад, масъалаҳои мубрами амният ва рушди устувор дар минтақаи Осиё баррасӣ мешаванд.

    Дар рӯзномаи мулоқоти раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки рӯзи 14 октябр ба нақша гирифта шудааст, баррасии ҷанбаҳои муҳимтарини шарикии бисёрҷониба ва дурнамои густариши ҳамкориҳои амалӣ пешбинӣ шудааст.

    Зимни чорабиниҳои дарпешистода ба масъалаҳои афзоиши тиҷорати мутақобила ва пешбурди лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ, роҳандозии коммуникатсияҳои самарабахши нақлиётӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва мубориза бо тағирёбии иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад.

    Илова бар ин, дар ҳошияи ҳамоиш як қатор мулоқотҳои дуҷониба ва музокироти бисёрҷонибаи Президенти Ӯзбекистон бо сарони ҳайатҳои кишварҳои шарик баргузор мешавад.

    No date selected
    July 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates