Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо сафари корӣ ба Федератсияи Русия меравад

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин 21 феврал барои иштирок дар маросими тантанавии ифтитоҳи «Бозиҳои Оянда» ба шахри Қазон сафари корӣ анҷом медиҳад.

    Барномаи будубош мулоқоти дуҷонибаи сарони ду давлатро дар назар дорад, ки дар ҷараёни он татбиқи тавофуқоти сатҳи олӣ, ки дар натиҷаи сафари расмӣ ба Русия 5-7 октябри соли 2023 ба даст омадаанд, инчунин амиқсозии минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ баррасӣ мешавад.

    Қобили зикр аст, ки «Бозиҳои Оянда», ки бори аввал дар Федератсияи Русия аз 21 феврал то 3 март баргузор мегардад, мусобиқаҳое мебошанд, ки намудҳои классикии варзиш, коркардҳои илмӣ ва технологияҳои рақамиро дарбар мегиранд.

    Дар ин мусобиқаи густурдаи варзишӣ 227 даста аз 107 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла варзишгарони Ӯзбекистон ширкат мекунанд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates