16 ноябр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар қароргоҳи “Кӯксарой” бо ҳайати Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон таҳти сарварии раиси он Кэролин Лэмм, ки ба кишварамон барои иштирок дар ҷамъомади якуми Шӯрои сармоягузорони хориҷӣ омадааст, мулоқот анҷом дод.
Ба ҳайати вакилон ҳамчунин роҳбарони ширкатҳои амрикоии “General Electric”, “Procter and Gamble”, “Coca-Cola”, “CNH Industrial”, “John Deere”, “Zeppelin” ва “Silverleafe” шомил мебошанд.
Сарвари давлатамон меҳмононро хайрамақдам гуфта, рушди муназзами ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Ӯзбекистону Амрикоро бо қаноатмандӣ қайд кард.
Таъкид гардид, ки Палатаи савдои Амрикову Ӯзбекистон, ки 38 ширкати пешрафтаро дар бар мегирад, дар таҳкими шарикии стратегии дуҷониба саҳми арзанда мегузорад.
Аз рӯи масъалаҳои минбаъд ҳам вусъат додани ҳамкории амалӣ ва пешбурди лоиҳаҳи якҷояи кооператсияи байни корхонаҳои мамлакатҳои мо мубодилаи афкор ба амал омад.
Энергетика, соҳаи кимё, машинсозӣ, хӯрокворӣ ва бофандагӣ, кишоварзӣ, инчунин тандурустӣ аз қатори самтҳои пешомаднок муайян шудаанд.
Кэролин Лэмм аз номи доираҳои корчаллонии ИМА ба сардори давлати мо барои дастгирии ҳарҷонибаи фаъолияти аъзоёни палата дар ҷумҳурӣ миннатдорӣ изҳор кард.
Намояндагони доираҳои корчаллонии ИМА шавқу ҳаваси рӯзафзуни корчаллонхои Амрикоро ба минбаъд амиқтар гардондани ҳамкорӣ махсусан қайд карданд. Онҳо ба комёбиҳое, ки ислоҳоти таҳти роҳбарии сарвари Ӯзбекистон татбиқшавандаро нишон медиҳанд, баҳои баланд дода, бори дигар нияти истифодаи фаъоли имкониятҳои ба вуҷуд омадаи густариши шарикии сармоягузорӣ бо кишвари моро изҳор намуданд.
Дар бораи баргузории форуми муштараки тиҷоратӣ дар семоҳаи аввали соли 2023 ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои нави муштарак созиш ҳосил шуд.