Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳайати ИМА-ро қабул кард

    Ҳукумат 1 Mart 2023 4585

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 1 март ҳайати вакилони Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро бо сардории Котиби давлатӣ Энтони Блинкен қабул кард.

    Дар мулоқот маҷмӯи васеи масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳангу гуманитарӣ ва ҷанбаҳои асосии ҳамкориҳои минтақавӣ баррасӣ шуданд.

    Дар оғози сӯҳбат Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба сарвари давлати мо салом ва орзуҳои неки Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байденро расонд.

    Пайравии қавии ИМА оид ба дастгирии истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва дахлнопазирии арзи Ӯзбекистон бори дигар таъкид шуд. Ба дигаргуниҳои бебозгашти демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодие, ки дар мамлакат ба амал меоянд, баҳои баланд дода, дастгирии комил изҳор гардид.

    Пешравии бузург дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ, мубориза бо меҳнати маҷбурӣ, ислоҳот дар соҳаи озодии сухан ва дастгирии ҷамъияти шаҳрвандӣ ва бисёр дигар самтҳо махсусан қайд гардид.

    Дар рафти мулоқот сатҳи баланди бадастомадаи муносибатҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Амрико бо қаноатмандии зиёд изҳор гардид.

    Аҳамияти рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷониба, аз ҷумла дар доираи пешбурди Муколамаи самарабахши шарикии стратегӣ ва идомаи табодули судманд дар сатҳҳои гуногун тасдиқ карда шуд.

    Таваҷҷуҳи махсус ба густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва инноватсионӣ, тавсеаи ҳузури ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ дар бозори Ӯзбекистон, татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои технологӣ зоҳир гардид.

    Имкониятҳои мавҷудаи васеъ барои густариши робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла барномаҳои омӯзиши забони англисӣ аз ҷониби насли наврас ва омода намудани омӯзгорони соҳибихтисос дар кишвари мо қайд гардид.

    Аз рӯи масъалаҳои муҳимтарини ҳамкории минтақавӣ мубодилаи афкор барпо гардид. Натоиҷи амалии мулоқоти вазирон, ки як рӯз қабл дар формати “ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ” (“С5+1”) баргузор шуд, мусбат арзёбӣ шуд.

    Чунин самтҳо, ба мисли мусоидат ба рушди устувори кишварҳои минтақа, беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, рушди «энергетикаи сабз» ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ нишон дода шуданд.

    Ба ҷаласаи дарпешистодаи Шӯрои Созишномаи чаҳорчӯба оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ (TIFA), ки моҳи ҷорӣ дар шаҳри Самарқанд баргузор мешавад, аҳамияти бузург дода мешавад.

    Муаммоҳои ҳамкориҳои васеи байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳаллу фасли осоиштаи вазъият дар Афғонистон низ баррасӣ шуданд.

    Оид ба ғайри қобили қабул будани ташдиди вазъият ва афзоиши бӯҳрони башардӯстона дар ин кишвар, зарурати истифодаи фаъолонаи платформаи СММ барои таҳияи алгоритми ҳалли мушкилоти мавҷуда, инчунин аҳамияти дастгирии лоиҳаҳои минтақавии инфрасохторӣ барои мусоидат ба сулҳ ва барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон изҳори назар карда шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates