Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафири ИМА-ро қабул кард

    Ҳукумат 7 Sentabr 2022 4486

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 сентябр Сафири Фавқулодда ва Мухтори  Иёлати Муттаҳидаи Амрико  Дэниел Розенблюмро, ки миссияи дипломатиашро дар кишварамон анҷом медиҳад, қабул кард.

    Сарвари давлатамон саҳми сафир Дэниел Розенблюмро дар рушди муносибатҳои шарикии стратегии Ӯзбекистону қайд кард.

    Солҳои охир муколамаи конструктивии сиёсӣ ба роҳ монда шуд. Ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахши тиҷоратию иқтисодӣ бо ҷидду ҷаҳди якҷоя вусъат меёбад. Ҳаҷми савдои мутақобила меафзояд, як қатор лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо иштироки ширкатҳои бонуфузи амрикоӣ амалӣ мешаванд. Дар соҳаи маориф ва тандурустӣ барномаҳои дуҷониба амалӣ мешаванд.

    Мувофиқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки моҳи августи соли ҷорӣ қабул шудааст, дипломати амрикоӣ бо мукофоти фахрии давлатии кишварамон – ордени “Дӯстлик” сарфароз гардонда шуда буд.

    Сафири ИМА барои баҳои баланд ба фаъолияташ изҳори миннатдории самимӣ намуда, итминон дод, ки минбаъд низ ба таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои мо фаъолона мусоидат хоҳад кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates