Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон бо муовини Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб самтҳои шарикии стратегиро баррасӣ намуд

    Ҳукумат 2 Dekabr 2021 4085

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 декабр бо муовини Сарвазир – вазири оид ба корҳои Президенти Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Мансур бин Зоид Ол Наҳаён мулоқоти телефонӣ анҷом дод.  

    Роҳбари Ӯзбекистон ҷониби Аморатро бо ҷашни миллӣ – 50-солагии таъсисёбии давлат самимона табрик гуфта, ба мардуми дӯсти Аморат беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзу кард.

    Масъалаҳои рушди самтҳои стратегии ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистону Аморот баррасӣ шуданд.

    Ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ ва барномаҳои кӯмаки молиявию техникӣ, аз ҷумла бо назардошти имконоти ду кишвар, ки дар майдони Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO дар Дубай ба таври равшан намоиш дода шудаанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир гардид.

    Дар бораи ҳарчи зудтар баргузор намудани вохӯриҳои дуҷонибаи ҳайатҳои ҳукуматӣ дар муҳлати наздик барои ташаккули портфели нави лоиҳаҳои ояндадор созиш ҳосил шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates