Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон роҳбарият ва халқи Аморати Муттаҳидаи Арабро бо 50-солагии ташкилёбии давлат табрик кард

    Ҳукумат 2 Dekabr 2021 3910

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 декабр бо Валиаҳди Абу-Дабӣ, муовини Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Аморати Муттаҳидаи Араб шайх Муҳаммад бин Зоид Ол Наҳайён мулоқоти телефонӣ анҷом дод.

    Сарвари давлатамон Валиаҳд, роҳбарият ва мардуми дӯсти Аморатро бо ҷашни 50-солагии таъсисёбии давлат самимона табрик гуфта, аз самими қалб сулҳу субот, пешрафту шукуфоии минбаъда орзу кард.

    Муваффақиятҳои баланди Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сохтмони давлатӣ ва рушди иқтисодӣ, ки сазовори эътирофи васеи байналмилалӣ гардида, бори дигар дар Намоишгоҳи ҷаҳонии EXPO, ки дар Дубай баргузор гардид, намоиш дода шуданд, алоҳида қайд гардиданд.

    Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи Ӯзбекистону Аморот баррасӣ шуданд.

    Ҳамкории судманди амалӣ ва пешбурди бомуваффақияти лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетикаи алтернативӣ, саноат, кишоварзӣ, таҷдиди инфрасохтор, омодасозии кадрҳои идоракунанда ва дигар самтҳои афзалиятнок бо иштироки ташкилоту ширкатҳо ва муассисаҳои молиявии бонуфузи Аморат бо қаноатмандӣ қайд карда шуд.

    Аҳамияти идомаи муколама ва табодули фаъол барои муайян кардани самтҳо ва барномаҳои нави "пешрафти" шарикии дарозмуддат таъкид шуд.

    Валиаҳд азми ҷониби Аморатро ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи анъанавии дӯстона ва наздик бори дигар тасдиқ намуда, қайд кард, ҷонибдори идомаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи байни Ӯзбекистон ва АМА мебошад.

    Суҳбати телефонии раҳбарони ду кишвар дар фазои дӯстона, эътимодбахш ва корӣ сурат гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates