Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо боздиди давлатӣ ба Ҷумҳурии Қазоқистон меравад

    Ҳукумат 3 Dekabr 2021 2559

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бинобар даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон  Қосим-Жомарт Тоқаев  5-6 декабр бо боздиди давлатӣ ба Қазоқистон ташриф меорад.

    Мувофиқи барномаи ташриф дар шаҳри Нур-Султон мулоқоту музокироти сатҳи баланд доир гардида, дар рафти он роҳҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ, неки ҳамсоягӣ ва шарикии стратегии ду кишвари бародар баррасӣ хоҳанд шуд.

    Рӯзнома масъалаҳои мубрами таҳкими муколамаи сиёсӣ, тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, пеш аз ҳама ҳамкории амалӣ ва пешбурди лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт, инчунин фаъолсозии барномаи табодули фарҳангиву гуманитариро дар бар мегирад.

    Илова бар ин, роҳбарони Ӯзбекистон ва Қазоқистон доир ба масъалаҳои байналмилалӣ табодули афкор намуда, самтҳои асосии ҳамгироии минтақавиро баррасӣ хоҳанд кард.

    Дар поёни нишаст имзои бастаи муҳими ҳуҷҷатҳои дуҷониба дар назар аст.

    Дар арафаи сафар дар Нур-Султон ҳамзамон бо иштироки ширкату соҳибкорони бонуфузи кишварҳои мо бизнес-форум баргузор мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates