Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафири Фаронсаро қабул кард

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 август Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса Орелия Бушезро, ки рисолати дипломатии худро дар кишвари мо анҷом медиҳад, ба ҳузур пазируфт.

    Сарвари кишвари мо фаъолияти самаранок ва саҳми шахсии сафири Фаронсаро дар рушди ва таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ байни ду кишвар махсус таъкид кард.

    Зикр гардид, ки сафарҳои мутақобилаи сатҳи олӣ имкон доданд, ки ҳамкории Ӯзбекистон ва Фаронса ба сатҳи сифатан нав бароварда, мазмуни мушаххас пайдо намояд.

    Муколамаи мунтазам ва тамосҳои фаъол дар сатҳҳои гуногун ба роҳ монда шудаанд. Дар соҳаи тиҷорату иқтисод пешрафти назаррас ба даст омадааст: солҳои охир ҳаҷми гардиши мол 4 маротиба афзуда, бо ширкату ташкилотҳои пешбари Фаронса лоиҳаҳо бо арзиши умумии беш аз 10 миллиард доллар амалӣ мешаванд.

    Барномаҳои муҳими соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва мубодилаи фарҳангиву гуманитарӣ амалӣ мешаванд. Намоишгоҳҳо дар Лувр ва Институти ҷаҳони араб бо муваффақияти калон баргузор шуданд.

    Дар атрофи шаҳри Париж ёдгории Берунӣ гузошта шуд. Дар пойтахти Фаронса кӯчае ба номи Самарқанд гузошта шудааст. Имсол Донишгоҳи ӯзбекӣ-фаронсавӣ дар шаҳри Тошканд фаъолияти худро оғоз менамояд.

    Дар анҷоми мулоқот, барои саҳми бузургаш дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегӣ миёни Ӯзбекистон ва Фаронса Президенти Ӯзбекистон ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Фаронса Орелия Бушез ордени «Дӯстлик» супорид.

    Сафир барои баҳои баланд ба рисолати дипломатии худ ва дастгирии ҳамаҷониба дар рушди ҳамкории васеъмиқёси Ӯзбекистон ва Фаронса ба роҳбари кишвари мо изҳори миннатдории самимӣ намуд.

    No date selected
    November 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates