Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон дар ҳамоиши онлайни “давлатҳои Осиёи Марказӣ – Чин” иштирок кард

    Ҳукумат 26 Yanvar 2022 4788

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 25 январ дар мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин дар шакли алоқаи видеоконфронс, ки бо ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатхои дипломатӣ ташкил карда шудааст, иштирок кард.

    Дар чорабинӣ ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов иштирок доштанд.

    Сарони кишварҳо натиҷаҳои ҳамкориҳои 30-солаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва ҶМЧ-ро ҷамъбаст намуда, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз ва самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои гуногунҷанба барои оянда табодули афкор намуданд.

    Сарвари давлатамон дар оғози суханронии худ ҷамъомадагонро бо санаи ҷашн табрик гуфта, қайд кард, ки тайи солҳои гузашта муносибатҳои ҳамаҷонибаи стратегии Ӯзбекистон ва Чин хусусияти динамикӣ ва устувор касб кардаанд.

    Роҳбари кишварамон самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳоро баён намуда, бо ташаббуси таҳияи Стратегияи муколамаи нави иқтисодии «Чин – Осиёи Марказӣ» баромад, ки ба таъмини савдои бемамоният ва ташаккули фазои ягонаи ҳамкориҳои саноатӣ ва маҳалигардонӣ нигаронда шудааст.

    Президенти Ӯзбекистон ҳамчунин муҳимияти таҳияи қарорҳои системавиро барои таъмини гардиши бефосилаи бор ва рушди шабакаҳои трансминтақавии логистикӣ дар масири “Чин – Осиёи Марказӣ” таъкид кард. Пешниҳод шуд, ки татбиқи амалии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани “Чин – Қирғизистон – Ӯзбекистон” имсол оғоз шавад.

    Сарвари давлатамон таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҳамоишро ба зарурати муттаҳид кардани саъй барои васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ҷалб намуд. Пешниҳод шуд, ки платформаи муштараки “Роҳи абрешими интеллектуалӣ” дар заминаи IT-паркҳо таъсис дода шавад.

    Ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ ва мубориза бо бемориҳои сироятӣ самти муҳими ҳамкорӣ номбар шуд. Омодагӣ барои идомаи ҳамкориҳо бо Чин дар коркард, озмоиш ва истеҳсоли ваксинаҳо изҳор гардид. Ҷониби Ӯзбекистон ҳамчунин ҷонибдори эътирофи мутақобилаи шиносномаҳои эмкунӣ мебошад, ки барои ҳаракати одамон ва молҳо миёни кишварҳои мо мусоидат мекунад.

    Сарвари давлат алоҳида ба масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ таваҷҷуҳ карда, ҳалли онро шарти муҳимтарини таъмини некӯаҳволии мардум номид.

    Ба ин муносибат Ӯзбекистон аз ҳамкориҳои минбаъда бо Чин дар масъалаҳои таҷдиди сектори кишоварзӣ, парвариши зироатҳо дар заминҳои шур ва намакзор, роҳандозии занҷирҳои истеҳсолӣ миёни шаҳру деҳот манфиатдор аст.

    Ба ғайр аз ин, Президенти Ӯзбекистон ба ҳамкории зич ва якҷоя амалӣ намудани тадбирҳои фаъол ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи босуръат афзояндаи аҳолӣ ба хӯрокворӣ дар давраи пандемия даъват намуд. Пешниҳод шуд, ки якҷоя ташаббус оиди қабули қатъномаи алоҳидаи Ассамблеяи Генералии СММ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ дар шароити пандемия пеш гузошта шавад.

    Дар баробари ин зарурати якҷоя пеш бурдани рӯзномаи иқлим дар доираи сохтмони “Роҳи абрешими сабз” қайд карда шуд.

    Ташаббус оид ба таҳияи Харитаи роҳ оиди таъмини “рушди аз ҷиҳати экологӣ тоза”, ки ба фаъол гардонидани ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва технологӣ дар соҳаи энергетикаи алтернативӣ нигаронида шудааст, пешниҳод гардид.

    Ба масъалаҳои боз ҳам наздик кардани халқҳои Осиёи Миёна ва Чин, вусъат додани мубодилаи маданию гуманитарӣ диққати махсус дода шуд.

    Роҳбари кишварамон пешниҳод намуд, ки соли оянда бо таваҷҷӯҳ ба мубодилаи барномаҳои академикӣ ва донишҷӯён, баргузории анҷуманҳои ҷавонон ва мусобиқаҳои варзишӣ «Соли фарҳанг ва санъати халқҳои Осиёи Марказӣ ва Чин» эълон карда шавад.

    Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ ба масоили идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳкими амнияти минтақавӣ низ дахл кард. Аҳамияти ҳамоҳангсозии саъю талошҳои муштарак дар самти Афғонистон бар манфиати татбиқи консепсияи “Роҳи бехатари абрешим” қайд карда шуд.

    Сарвари давлатамон дар поёни суханронии худ ба мардуми Чин бомуваффақият баргузор намудани Бозиҳои зимистонаи олимпиро дар Пекин таманно кард.

    Бинобар ҷамъбасти ҳамоиш Изҳороти муштарак қабул гардид, ки дар он бархӯрдҳои муштарак ба масъалаҳои муҳими таҳкими минбаъдаи шарикии бисёрҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чин инъикос ёфтаанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates