Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намуд

    Ҳукумат 4 Fevral 2022 5827

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маросими кушоиши Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Пекин иштирок намуд

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими тантанавии кушоиши Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ дар шаҳри Пекин ширкат намуд.

    Маросим дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и Пекин бо иштироки роҳбарони мамлакатҳои хориҷӣ, ҳайатҳои расмӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ баргузор шуд.

    Дар барномаи ҳунарии маросим, ки мавзӯи асосии он консепсияи пешниҳоднамудаи Раиси ҶМЧ Сӣ Сзинпин «Инсонияти ҳамтақдири башарият» гардид, таърихи қадимӣ ва маданияти ғании мардуми Чин, комёбиҳои бузург ва дастовардҳои ин мамлакат ба сифати пешвои иқтисодии ҷаҳон, маънавият ва арзишҳои ҷунбиши ҷаҳонии олимпӣ таҷассум ёфтааст.

    Пас аз он Паради миллатҳо барпо шуд. Аз варзишгоҳ қадамзанон ҳайатҳои варзишии мамлакатҳои иштирокдори олимпиадаи зимистона, аз он ҷумла Ӯзбекистон, ки онро лижатози кӯҳӣ Комилҷон Тӯхтаев намояндагӣ менамояд, гузаштанд. Ӯ инчунин Байрақи давлатии Ӯзбекистонро тантанавор гирифта гузашт.

    Нуқтаи баландтарини ҷашн фурузон шудани оташи олимпӣ гардид. Маросим бо салюти ҷашнӣ анҷом ёфт.

    Дар талошҳои олимпӣ, ки аз 4 то 20 феврал идома меёбад, барои маҷмӯи 109 медал аз рӯи 15 намуди варзиш аз 90 мамлакат 4 ҳазор варзишгар сабқат менамояд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates