Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Раиси Думаи давлатии Русия мулоқот кард

    Ҳукумат 28 Noyabr 2022 5172

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 28 ноябр ҳайати парлумони Русияро таҳти сарварии Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Вячеслав Володин ба ҳузур пазируфт.

    Дар оғози мулоқот Вячеслав Володин салом ва орзуҳои беҳтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро ба роҳбари Ӯзбекистон расонд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ байни Ӯзбекистон ва Русия, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ шуданд.

    Динамикаи баланди робитаҳои байнипарлумонии солҳои охир, дар минтақаҳои Ӯзбекистон ва Русия ҷорӣ намудани таҷрибаи баргузории мулоқоти шакли нав – дар сатҳи роҳбарияти палатаҳо ва кумитаҳои парлумони ду кишвар махсусан кайд карда шуданд.

    Таъкид шуд, ки фаъолияти Комиссияи байнипарлумонии навтаъсиси ҳамкорӣ ба таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба ва густариши табодули таҷриба дар самти ташкили корҳои қонунгузорӣ хидмат хоҳад кард.

    Натиҷаҳои мусбати ҳамкории иқтисодӣ бо қаноатмандӣ кайд карда шуданд. Ҳаҷми табодули мутақобилаи мол аз аввали соли ҷорӣ сеяк афзоиш ёфт.

    Бо ҷалби сармояи Русия дар Ӯзбекистон лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои нафту газ, энергетика, маъдани кӯҳӣ ва кишоварзӣ бомуваффақият амалӣ мегарданд. Алоқаҳои тиҷоратии байни минтақаҳои ду мамлакат торафт вусъат меёбанд.

    Ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи маориф ва илм, инчунин дар соҳаи сайёҳӣ инкишоф меёбанд.

    Аъзои ҳайати Русия ба тағйироти дар солҳои ислоҳот дар Ӯзбекистон дар соҳаи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ, инчунин кори таълиму тарбияи ҷавонон, баланд бардоштани иқтидори соҳаи тандурустӣ, навсозии инфрасохтори шаҳру деҳот ба даст омада баҳои баланд доданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates