Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистонро қабул кард

    Ҳукумат 17 Yanvar 2022 5563

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 17 январ муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Сердар Бердимуҳамедовро, ки ба Тошканд бо боздиди корӣ омадааст, қабул кард.

    Сарвари давлатамон дар оғози мулоқот бо қаноатмандии хоса дар солҳои охир пайваста вусъат ёфтани муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистонро қайд намуд.

    Меҳмони олӣ барои қабул изҳори миннатдории самимӣ намуда, аз номи Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов салом ва таманниёти самимӣ расонида, паёми хаттии сарвари Туркманистонро супорид, ки дар он ба муносибатҳои Туркманистону Ӯзбекистон, ки дар тамоми самтҳо босуръат инкишоф меёбанд, баҳои баланд дода мешавад.

    Сарвари Туркманистон наздикӣ ва шабоҳати мавқеъҳои ду кишварро оид ба масоили сиёсати байналмилалӣ ва равобити минтақавӣ таъкид кард.

    Зимни мулоқот рафти иҷрои созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуд.

    Ба масъалаҳои амиқсозии ҳамкориҳо ва иқдомҳои амалӣ барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки кооператсия дар соҳаҳои саноат, энергетика, хоҷагии об ва кишоварзӣ, инчунин истифодаи самараноки иқтидори транзитии ду кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид. Аҳамияти пешбурди равобити байниминтақавӣ ва барномаҳои табодули фарҳангиву гуманитарӣ қайд гардид.

    No date selected
    March 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates